Таркиши маргталабе дар назди қароргоҳи Комиссиюни интихоботи Афғонистон

полис макони таркишро аз назар мегузаронад

Бомбгузори маргталабе, ки рӯзи 29 октябр Комиссиюни мустақили интихоботӣ дар Кобулро ҳадаф қарор дод, дасти кам шаш нафарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Полис гуфт, ки ҳамлагар ба назди бинои комиссиюн пои пиёда омада дар назди як мошин худро тарконд. Басир Муҷоҳир, сухангӯи полиси Кобул ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиш дар фосилаи 20 метр дуртар аз мошини кории аъзои комиссиюни интихоботӣ рух дод.

Ба иттилои полис, дар ин ҳодиса чор корманди комиссиюн маҷрӯҳ шуданд. Маълум нест, ки ҳангоми таркиш дар ҷои ҳодиса чанд нафар қарор дошт. Ин ҳодиса замоне рух медиҳад, ки дар Афғонистон тоза интихоботи парлумонӣ анҷом шудааст ва ин маърака дар шароити сахти амниятӣ баргузор шуд.