Боздошти даҳҳо нафар дар эътирозҳои Русия

Гирдиҳамоии бахшида ба ҳифзи зиндониёни сиёсӣ дар Маскаву Санкт- Петербург бо боздошти наздики 60 нафар анҷом шуд. Бархе аз боздоштшудаҳоро то субҳ дар идораи пулис нигаҳ дошта, аммо аксариятро баъди тартиб додани санад раҳо карданд.

Гирдиҳамоӣ бо шиори "Ба хотири кӯдакони мову шумо" баргузор шуд. Ин иқдомро волидони зиндониёни "парвандаи маъруф ба Азамати нав" ва "парвандаи Шабака" ташкил карданд.

Ба иттилои мақомоти Русия, дар ин иқдом тақрибан 500 нафар дар назди бинои ФСБ ё Хадамоти федеролии амният дар Маскав ҷамъ шуданд. Мақомоти шаҳри Маскав ба баргузории расмии гирдиҳамоӣ иҷозат надоданд, аз ин рӯ ташкилкунандагон бидуни шиорҳо назди бинои ФСБ ҷамъ шуданд. Дар Маскав 18 иштирокчии иқдом боздошт шуд.

Дар Санкт-Петербург ҳам ба эътирозгарон иҷозаи расмии баргузории гирдиҳамоиро надоданд. Фаъолон ба таври худҷӯш дар маркази шаҳр ҷамъ шуданд. Ба иттилои расонаҳо, пулис наздики 40 танро боздошт кардааст.

Дар минтақаҳои дигар Русия низ сокинон ба ин иқдом ҳамроҳ шуда, ба кӯчаҳо баромаданд.