Номзади Хошуқҷӣ: "Гумон дошт, дар консулгарӣ мушкил пеш намеояд"

Хадиҷа Чингиз, номзади Ҷамол Хошуқҷӣ

Номзади Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди сиёсатҳои Арабистони Саудӣ, ки дар консулгарии он кишвар дар Истанбул кушта шудааст, рӯзи 26-уми октябр гуфт, ӯ тасаввур мекард, Риёз боздошташ нахоҳад кард. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, нигарон буд, ки ҳангоми муроҷиат ба консулгарӣ вазъият, мумкин аст, муташанниҷ шавад.

Хадиҷа Чингиз дар мусоҳиба бо шабакаи “Хабертурк” гуфтааст, “ҳамон тавр ки медонед, шабакаи дӯстону ошноён ва иртиботҳои сиёсии ӯ дар Туркия хеле хуб буд. Ӯ фикр мекард, Туркия як кишвари амн аст ва агар ӯро дар консулгарӣ боздошт ё бозҷӯӣ кунанд, масъала зуд ҳаллу фасл хоҳад шуд.”

Хадиҷа Чингиз гуфт, дар аввалин муроҷиати Ҷамол Хошуқҷӣ ба консулгарӣ дар рӯзи 28-уми сентябри имсол бо ӯ хуб рафтор карда будаанд.

Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзи 2-юми октябри имсол барои гирифтани санади издивоҷ ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул ворид шуд ва дигар берун наомад. Мақомоти Туркия аз аввал тахмин мезаданд, ки ӯ дар бинои консулгарӣ кушта шудааст.

Пас аз сукути тӯлонӣ ва нашри шарҳҳои зидду нақиз дар мавриди ин ҳодиса, ҳукумати Арабистони Саудӣ ба шиддат аз сӯи ҷомеи байналмилалӣ таҳти фишор қарор гирифт, то ҳақиқатро ошкор кунад.

Ахиран Додситонии Арабистони Саудӣ эълон кард, ки ин қатл аз пеш барномарезишуда будааст. Мақомоти он кишвар қаблан гуфта буданд, ки Ҷамол Хошуқҷӣ тасодуфан ва бар асари сар задани даргирӣ дар консулгарӣ кушта шуд.

Қатли Хошуқҷӣ барои ҳукумати Саудӣ ва Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ҷавон ва пурқадрати он кишвар ба як буҳрони ҷиддӣ табдил шудааст.