Мақомоти Амрико рӯзи 26-уми октябр як мардро бо гумони ирсоли бастаҳои маводи тарканда ба чанд сиёсатмадори амрикоӣ, аз ҷумла Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар боздошт карданд.
Сезар Сайоки 56-сола феълан дар боздоштгоҳе дар аёлати Флорида нигаҳдорӣ мешавад.
Бар асоси гузориши расонаҳо, Сайок собиқаи тӯлонии ҷиноӣ доштааст.
Ӯ дар робита ба ирсоли дастикам 13 бастаи машкуки маводи тарканда ба чеҳраҳои саршиноси Ҳизби демократ ва мунтақидони Доналд Трамп муттаҳам аст.