ИМА мехоҳад аз талоши Русия барои ба баррасии Маҷмаи кулли СММ гузоштани масъалаи ҳифзи созишномаи маҳви силоҳҳои миёнаву дурпарвози соли 1987 пешгирӣ кунад. Президенти Амрико Доналд Трамп ҳафтаи ҷорӣ эълон кард, ки аз ин созишнома хориҷ мешавад. Дипломатҳои рус гуфтанд, ки рӯзи 25 октябр онҳо тарҳи қатъномаи ҳифзи паймони маҳви мушакҳоро дар ихтиёри кумитаи халъи силоҳ гузоштанд, вале ИМА ният дорад баррасии ин қатъномаро масдуд кунад.
Амрико гуфтааст, ки Русия мебоист то 18 октябр ин санадро ироа мекард. Сухангӯи ҳайати Русия дар СММ Федор Сржижовский гуфт, ки баъди ин ИМА даъват кард, ки ин масъала дар овоздиҳӣ ҳал шавад. Дипломати рус гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар чунин ҳолатҳо вокуниш кунад. ИМА мегӯяд, ки Русия созиши маҳви мушакҳоро соли 2014 нақз кардааст. Пешниҳоди Русия ин аст, ки созишнома бо шакли дигар ҳам бошад, ҳифз шавад, чун ин санад, ба гуфтаи дипломати рус, дар ҳифзи сулҳу суботи “калидӣ” мебошад.