Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба Хол Холов - устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия - медали "Пушкин" тақдим кард. Холов яке аз 8 шаҳрванди хориҷӣ шуд, ки бо як қарори Путин рӯзи 24-уми октябр медали ба номи "Пушкин"-ро гирифт. Матни қарор дар сомонаи расмии президенти Русия нашр шуд.
Хол Холов, устоди кафедраи забони тоҷикӣ ва адабиёти ҷаҳон дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия рӯзи 25-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд соат қабл бо медали Пушкин сазовор шуданашро аз сафорати Русия дар Душанбе шунидааст.
Ӯ гуфт, "аз соли 1996, замоне ки донишгоҳ таъсис ёфт, дар ин даргоҳ кор мекунам ва аввалин проректори он будам. Мавзӯи кори илмиам низ "Таърих ва мушкилоти тарҷумаи назму насри лирикии Пушкин ба забони тоҷикӣ ва форсӣ" аст", - иброз дошт ӯ.
Холов гуфт, номзадии ӯ барои дарёфти медали Пушкин аз сӯи садорати донишгоҳ ва сафорати Русия дар Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Ӯ гуфт, аз шунидани ин хабар хеле шод шудааст: "Ҳоло медалро ба даст нагирифтаам. Фикр мекунам барои тақдими он моро ба маросими вижа ба Қасри Кремлин даъват мекунанд",- гуфт Холов.
Хол Холов доктори илмҳои филологӣ соли 1956 дар деҳаи Дарғи ноҳия Айнӣ ба дунё омадааст.
Дар солҳои шӯравӣ ва баъд аз он асарҳои Александр Пушкин – асосгузори адабиёти классикии рус, аз ҷумла, достони «Евгений Онегин» ва повести «Дубровский» ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Аввалин тарҷумаҳои асарҳои Пушкин аз сӯи шоир Абулқосим Лоҳутӣ ва публисист Саидризо Ализода анҷом шудааст.