Яке аз фармондеҳони олирутбаи Эрон гуфт, Арабистони Саудӣ бо ҳамроҳ шудан ба таҳримоти Амрико ба зидди Эрон мехоҳад таваҷҷуҳро аз масъалаи қатли хабарнигор Ҷамол Хошуқчӣ дар Истанбул ба дигар тараф кашад. Исмоил Кавсарӣ, яке аз фармондеҳони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 22-уми октябр гуфт: “Арабистони Саудӣ наметавонад ба осонӣ аз мурдоб берун ояд ва раҳбаронаш мехоҳанд, таваҷҷуҳи минтақа ва ҷаҳонро аз қатли Ҷамол Хошуқчӣ дар консулгарии Истанбул ба дигар тараф кашанд.” Ба гуфтаи Кавсарӣ, раҳбарони Арабистони Саудӣ бояд барои амалкардҳояшон посух бигуянд. Мақомоти амниятии Арабистон рӯзи 23-уми октябр гуфтанд, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ду фармондеҳи дигарро ба феҳрасти сиёҳ дохил кардаанд. Вазорати молияи Амрико дар соли 2011 гуфт, ки ин се нафар дар тарҳи нофарҷоми суиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико даст доранд.