Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии ҳукумати Амрико гуфт, мудохилаи Русия ба интихоботи кишвараш натиҷаи баръакс дод ва бояд дарсе барои Маскав бошад. Ҷон Болтон рӯзи 23-уми октябр баъди мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти баландпояи Русия гуфт: “Бо интихоботи Амрико бозӣ накунед.”
Ба гуфтаи Ҷон Болтон, ҳарчанд мудохилаи Русия ҳеҷ гуна таъсире ба натиҷаҳои интихоботии раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2016 надоштааст, аммо сабаби нобоварии зиёди Вашингтон ба Русия шудааст. Ба қавли ӯ, “он чи ки мудохила ба вуҷуд овард, боиси нобоварӣ ва хусумат дар Амрико шуд ва сабаб шуд, ки дар ду соли гузашта Русия ва Амрико ҳеҷ пешрафте дар муносибатҳояшон накунанд. Ин бар зарари ҳарду кишвар аст ва бахусус барои Русия".
Мақомоти Русия ҳаргуна дахолат ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрикоро рад кардаанд. Аммо додситонҳои Амрико гуруҳе аз ҷосусони Русияро ба дуздии иттилооти Ҳизби демократи Амрико ва ба Викиликс додани ин иттилоот муттаҳам мекунанд. Онҳо мегуянд, ки нашри ин иттилоот сабаби садама дидани обрӯи Ҳилларӣ Клинтон, рақиби Доналд Трамп дар интихобот шудааст.