Эътилофи сиёсии Йелк дар парлумони Арманистон рӯзи 23 октябр Никол Пашинянро ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кард. Исми Пашинян чанд соат пеш аз хатми мӯҳлати пешбарии номзадҳои интихоботӣ пешниҳод шуд. Дигар гурӯҳҳои сиёсии узви парлумон гуфтанд, ки касеро пешбарӣ намекунанд. Қарор аст рӯзи 24 октябр даври аввали овоздиҳӣ барои интихоби нахуствазири нави Арманистон шурӯъ шавад.
Пашинян рӯзи 16 октябр гуфт, ки аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо медиҳад, то ки парлумонро пароканда ва интихоботи зудрасро барпо кунад. Бар асоси конститутсияи Арманистон, интихоботи зудрас танҳо дар сурати истеъфои нахуствазир ва нотавонии парлумон дар пайдо кардани ҷойгузини ӯ дар фурсати 2 ҳафтаи баъди ин даъват мешавад. Пашинян дар паи чандин ҳафта эътирозҳои хиёбонӣ моҳи маи соли ҷорӣ сари қудрат омад ва Серж Саркисян, нахуствазири амалкунандаро водор кард, ки истеъфо диҳад.