Нияти ИМА барои хориҷ шудан аз созиши муҳими таслеҳотӣ бо Русия аз назари Маскав корест, ки ҷаҳонро “бо хатар рӯбарӯ” мекунад ва Маскавро водор мекунад, ки иқдоме бигирад, то тавозуни нирӯ дар ҷаҳон барқарор шавад. Бо чунин суханон рӯзи 22 октябр сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков изҳорот дод. Ду рӯз пеш президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ИМА аз созиши нобудсозии мушакҳои миёнабурди ҳастаӣ берун мешавад. Ин созиш соли 1987 имзо шудааст. Песков гуфт, ки Русия хостори шунидани шарҳи бештар оид ба мавқеи Амрико дар ин замина аст ва умедвор аст ин ҳама мушовири амнияти милии ИМА Ҷон Болтон зимни боздид аз Маскав рӯзҳои 22 ва 23 октябр ироа хоҳад кард.
Рӯзи душанбе қабл аз мулоқот бо Болтон вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки дар сурати хориҷ шудани Амрико аз ин созиш, бояд интизори аксуламал шуд. Ӯ гуфт:
“Ҳама кор дар ин бахш бо аксуламал рӯбарӯ мешавад. Эътидоли стратегӣ танҳо бар асоси баробарӣ таъмин мешавад. Ин баробарӣ дар ҳама шароит таъмин мешавад. Мо дар баробари суботи ҷаҳонӣ масъулият дорем ва умедворем, ки ИМА ҳам аз иҷрои масъулиятҳои худ даст намекашад”.
Қарор аст рӯзи душанбе Лавров ва Болтон бо ҳам мулоқот кунанд.
Болтон дар Маскав аллакай бо раҳбари шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дидору гуфтугӯ кард
Созиши Нобудсозии мушакҳои миёнаву дурпарвоз миёни Русия ва ИМА соли 1987 ҳанӯз аз ҷониби президенти СССР Михаил Горбачев ва раиси ҷумҳурии Амрико Роналд Рейган имзо шуд ва дар гарм шудани робитаҳои сиёсии миёни ду қудрат қадами муҳим гузошт. Ахиран ИМА гуфтааст, ки Русия солиёни зиёд ин созишномаро нақз карда, ба истеҳсоли мушакҳои нав даст мезанад. Бори аввал ин иттиҳомотро Вашингтон соли 2014 ба забон оварда буд. Русия ин иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст.