Амрикову Канада ва кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, ки аз шарҳи Арабистони Саудӣ дар бораи марги хабарнигор Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Саудӣ дар Истанбул қаноатманд нестанд.
Доналд Трамп, яке аз шарикони наздики хонаводаи шоҳи Арабистони Саудӣ рӯзи 20-уми октябр ба хабарнигорон гуфт, “То замоне, ки посухро дарёфт накунем, қонеъ намешавем.” Вай афзуд, ки масъалаи эъмоли таҳрим ба зидди Арабистони Саудиро баррасӣ мекунад ва бо Шоҳзода Муҳаммад бин Султон, аз раҳбарони бонуфузи он кишвар гуфтугӯ хоҳад кард.
Айни замон Доналд Трамп бо лаҳни нармтаре гуфт, мумкин аст, ки шоҳзодаи Саудӣ аз қазияи куштори Ҷамол Хошуқҷӣ огаҳ набошад. Ба гуфтаи Доналд Трамп, ӯ намехоҳад, ки Амрико қарордоди 110 миллиардолларии фурӯши аслиҳа ба Арабистони Саудиро лағв кунад, зеро дар муқоиса бо ин кишвар Амрико бештар зиён мебинад.
Федерика Могерини, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи 20-уми октябр хостори таҳқиқи фарогири марги Ҷамол Хошуқҷӣ шуд ва гуфт, онҳое, ки дар қатли ӯ даст доранд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзи 2-уми октябр барои гирифтани санади лозим барои издивоҷ ба консулгарии кишвараш рафт ва дигар барнагашт.