Муовинҳои нави раиси Оҷонсии зиддифасод ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон маълум шуд.
Бино ба фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми октябр содир гардид, Суҳроб Сафарзода муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Асомуддин Ахмедов муовини нави фармондеҳи нирӯҳои марзбнии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъйин карда шудаанд.
Дар ҳамин рӯз бо қарорҳои ҳукумат дар чанд сохтори Вазорати тандурустӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Шералӣ Амиршоев раёсати Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустиро бар уҳда гирифт. Ин мақом баъди даргузашти раиси пешини хадамот Абдукарим Шехов холӣ буд.
Бо як амри президент, Барно Саидвализода аз мақоми сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи президент озод шуда, муовини аввали сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумат тайъин гардидааст.
Мақоми муовинро дар ин хадамот Фирдавс Ҳаётзода соҳиб шуд.