Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Ҳисор се нафарро бо гумони фурӯши замин дар ҳудуди деҳаи Уртабуз дастгир кардаанд. Мақомот рӯзи 20-уми октябр гуфтанд, ки инҳо раиси собиқи ҷамоати шаҳраки Шарора ва ду масъули пешини идораи замини шаҳри Ҳисор ҳастанд.
Аз гумонбарон ном бурда нашудааст. Аммо мақомот мегӯянд, ки онҳо аз 35 то 44-сола буда, ба қаллобӣ муттаҳаманд.
Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон карданд, ки ин афрод аз соли 2012 то 2014 бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлӣ дар ҳудуди деҳаи Уртабуз аз ду нафар беш аз 25 ҳазор доллар гирифта, на замин ва на маблағашонро надодаанд.
Яке аз ҷабрдидаҳо аз деҳаи Уртабузи Ҳисор ва дигаре сокини ноҳияи Дарвоз будааст.
Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” – парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.
Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дар сади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва замини корам аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.
Омори расмӣ баёнгари он аст, ки қазияҳои марбут ба муомилаҳои ғайриқонунӣ бо замин хеле зиёд аст. Танҳо дар шаш моҳи имсол дар вилояти Хатлон дар робита бо муомилаҳои ғайриқонунӣ бо замин 55 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ шудааст.