Нархи ниҳоии симкортҳоро дар Тоҷикистон як гуруҳи кории махсус маълум ва ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард. Ин гуруҳи корӣ рӯзи 12-уми октябри имсол аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи президент ташкил шудааст.
- Тобистони имсол бо як қарори вазири умури дохилӣ ва эълони ширкатҳои мобилӣ нархи як симкорт ва, инчунин, аз як ном ба номи дигар гузарондани он 250 сомонӣ муқаррар шуд. Аммо рӯзи 30-юми август раиси ҷумҳур онро муваққатан то 1-уми январи соли 2019 боздошт. То анҷоми ин муҳлат каме беш аз ду моҳи дигар мондааст.
Мо наметавонем бе назардошти вазъи иҷтимоии мардум, маоши ҳадди ақал ва даромади сокинон назари худро пешниҳод кунем.
Он вақт ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон супориш шуда буд, ки дар робита ба масъалаи нарх ва тартиби истифодабарии симкортҳо пешниҳод ироа кунанд.
Дархост аз 4 ширкати мобилӣ
Хадамоти зиддиинҳисорӣ ё зиддимонополии Тоҷикистон ба чаҳор ширкати мобилӣ ва, инчунин, Анҷумани ширкатҳои мобилӣ нома фиристода ва талаб кардааст, ки дар зарфи се рӯзи оянда мавқеи худро дар мавриди 250 сомонӣ нархгузорӣ кардани симкортҳо ба таври хаттӣ баён доранд.
Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин номаро ширкатҳои “Мегафон”, “Бабилон”, “Тселл” ва “Билайн” дастрас кардаанд. “Дар нома гуфта шудааст, ки дар масъалаи 250 сомонӣ шудани нархи симкорт назари худро маълум кунанд. Вале мо наметавонем бе назардошти вазъи иҷтимоии мардум, маоши ҳадди ақал ва даромади сокинон назари худро пешниҳод кунем. Мо гуфтем, ки ҷавоб ба масъалаи нархи симкортҳо вақт мехоҳад”, - афзуд Эркаев.
Раиси Анҷуманми ширкатҳои мобилӣ мегӯяд, ҳоло онҳо бо чаҳор ширкати мобилӣ ин масъаларо баррасӣ доранд ва мехоҳанд ҳамаҷониба таҳлил намуда, мавқеи ниҳоии худро то 25-уми октябр ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод кунанд.
Чӣ таъсир хоҳад дошт?
Як намояндаи ширкати мобилии кишвар ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, нома бо дастури раиси Дастгоҳи иҷроияи президент аз 12-уми октябр ба ширкатҳо пешниҳод шудааст. Ӯ афзуд, “дар нома зикр шудааст, ки вобаста ба оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, андоз ва фоидаву зиёни болоравии нарх ба буҷет назари худро баён доранд. Пурсида шудааст, ки 250-сомонӣ наргузории симкорт чӣ таъсире хоҳад дошт”.
Дар ҳамин ҳол, Нодир Мирзоев – узви Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотиву мухобиротӣ – гуфт, масъалаи нархи симкортҳо аз ҷониби мақомоти зидахл баррасӣ мешавад. Ӯ бо изҳори онки “чунин мавзӯъҳо бояд рӯ ба рӯ баррасӣ шаванд”, аз суҳбати телефонӣ худдорӣ кард.
Дар Хадамоти зиддинҳисорӣ низ аз шарҳи нома ба ширкатҳои мобилӣ худдорӣ намуданд. Як намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, танҳо баъди дарёфти назари чаҳор ширкати мобилӣ метавонанд, маълумот диҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон фурӯши симкортҳои 250-сомониро манъ кард. САДО, ВИДЕОЧанд далели боло бурдани нархи симкорт ва вокунишҳо ба он
Масъалаи 50 маротиба боло бурдани нархи симкорт баъди чанд ҳафтаи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ матраҳ шуд, ки Тоҷикистонро дар як лаҳза ба сархати хабарҳои ҷаҳон баровард. Дар ҳодисаи моҳи июли имсол дар ноҳияи Данғара чаҳор ҷаҳонгарди ғарбӣ кушта шуд.
Мақомот бар ин боваранд, ки агар нархи симкорт 250 сомонӣ шавад, террористҳо имкони дарёфти онҳоро аз даст медиҳанд.
Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як тарҳ пешниҳод кардааст, нафароне, ки симкортҳои худро барои истифода ба дигарон додаанд ё нафари дигар онро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, "ба оқибатҳои вазнин оварда расондааст", то 12,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ваё аз 2 то 3 сол зиндонӣ шаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пешниҳоди то 3 соли зиндон – барои ба каси дигар додани симкорт дар ТоҷикистонАммо ин қарор ба навбатпоии тӯлонӣ дар марказҳои хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ сабаб шуд. Инчунин, ин қарор бо вокунишҳои мухталиф дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Бештари мардум чунин нархгузориро нодуруст шумурда ва аз мақомот хостанд, аз иҷрои ин тасмим даст бардоранд.