"Нирӯгоҳи ҳастаии Узбекистон ба ҳамсояҳо ҳам хизмат мекунад"

Нирӯгоҳ дар ҳудуди вилояти Навоӣ бунёд мешавад

Президентони Русия ва Узбекистон ба бунёди нирӯгоҳи нави атомӣ дар ҳудуди вилояти Навоӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Аз рӯи ҳисобҳои муаллифони ин тарҳ, нирӯгоҳ қодир ба таъмини 15 дар сади нирӯи барқи зарурӣ барои Узбекистонро хоҳад дошт.

Рӯзи 19 октябр зимни суханронӣ дар нишасти матбуотии Тошканд президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки нирӯи барқи ин корхона тавони бо барқ таъмин кардани на танҳо Узбекистон, балки кишварҳои ҳамсояи ин кишварро низ хоҳад дошт.

Путин гуфт, ки ин на танҳо як корхонаи саноатӣ, балки як бахши нави иқтисоди Узбекистон хоҳад буд. Нирӯгоҳи ҳастаӣ бо тавонои 2,4 мегаватт метавонад бо нирӯи барқи арзону тоза ҳам сокинони Узбекистон ва ҳам дигар кишварҳои минтақаро таъмин кунад, гуфт Путин. Нирӯгоҳи нави атомӣ то соли 2030 сохта ба истифода дода мешавад. Созиши байни Узбекистону Русия дар ин замина моҳи сентябр дар Маскав имзо шудааст.