Мисру Русия паймони ҳамкории стратегиро имзо мекунанд

Президенти Русия Владимир Путин ва ҳамтои мисриаш Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, қарор аст, рӯзи 17-уми октябр як паймони ҳамкориҳои стратегиро имзо кунанд, ки ба тавсеаи равобити ояндаи ду кишвар равона шудааст. Дар ин бора мушовири умури хориҷии Путин – Юрий Ушаков хабар дод.

Ушаков гуфт, Путин ва Сисӣ бояд дар мулоқоти имрӯзаашон инчунин чанд масъала, аз ҷумла, вазъи Сурия, Либия, Яман ва роҳҳои барқарории равобити Исроилу Фаластинро баррасӣ кунанд.

Раҳбари Миср рӯзи 16-уми октябр аз Путин даъват кард, ки парвозҳои мустақим аз Русияро ба осоишгоҳҳои Миср барқарор кунанд.

Моҳи ноябри соли 2015, баъди онки як узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҳавопаймои мусофиркаши русӣ дар фазои нимҷазираи Сино як бомбаро мунфаҷир кард ва боиси марги 224 нафар шуд, Русия парвозҳои мустақим ба самти Мисрро қатъ кард.

Парвозҳои байни Маскаву Қоҳира моҳи апрели имсол барқарор шуд, вале музокираҳо барои барқарор кардани парвозҳо ба самти осоишгоҳҳои воқеъ дар соҳили Баҳри Сурх то ҳол натиҷа надод. Раиси ҷумҳури Миср гуфтааст, ки барқарор шудани парвозҳо барои зинда кардани саноати туризми ин кишвар зарур аст.