Cипоҳи инқилоби исломии Эрон иддао дорад, ки сарпарасти ҳамла ба паради низомӣ дар шаҳри ҷанбу ғарбии Аҳвозро, моҳи сентябр ҷони 24 нафарро аз байн бурда буд, ба қатл расонданд. Сипоҳ дар изҳороте, ки 16 октябр нашр шуд, таъкид кардааст, ки нерӯҳои муттафиқаш дар Ироқ шахсеро ба қатл расонданд, ки лақабаш Абу Заҳҳо буда сарпарасти ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Аҳвози Эрон ба шумор меравад.
Ба қавли телевизиони давлатии Эрон, Абу Заҳҳо узви гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати Исломӣ” будааст. Абӯ Заҳҳо ва чор нафар аз ҳамроҳонаш аснои амалиёт дар вилояти Диялои Ироқ, ки дар шимолу шарқи Бағдод қарор дорад, кушта шуд.