Трамп нақши рахнагарони компютерӣ дар интихоботи соли 2016-ро ночиз хонд

Президенти ИМА Доналд Трамп таъсири рахнагарони компютерии рус дар натиҷаҳои интихоботи соли 2016-ро рад кард ва гуфт, ки шумори онҳо хеле кам аст ва бархе аз онҳо, ба гуфтааш, аз ҷониби рақиби демократи ӯ Ҳиллари Клинтон пуштибонӣ медиданд. Дар як мусоҳибаи рӯзи 16 октябр хабарнигори оҷонсии Associated Press аз Трамп дар бораи нақши ҳакерҳо пурсид. Онҳоро сохторҳои истихборотӣ ва ҳам додситонҳо дар мудохила ба интихоботе муттаҳам мекунанд, ки бо соли 2016 пирӯзии Трамп анҷомид. Ӯ гуфт: “Шумо рахнагарон аз Маскавро, ки дар бораашон сӯҳбат мекунед, медонед? Чанд нафаранд? Танҳо 28 нафар?”. Дар пай ӯ гуфт: “Бархе аз онҳо Ҳиллари Клинтонро пуштибонӣ кардаанд”. Бидуни шарҳи ин назараш, Трамп афзуд: “Онҳо ба ман ҳеҷ рабте надоранд”.

Президенти Амрико ҳамчунин амалҳои писараш Доналд Трампи хурдиро ҳимоят кард, ки июни соли 2016 бо як ҳуқуқшиноси рус дар қасри Трампи Ню-Йорк дидор кардааст. Вай гуфт, ки ин шахс дар бораи Клинтон маълумоти обрӯрезанда дошт. Ӯ писарашро “як ҷавони хуб” номид ва гуфт, коре, ки ӯ кард, ёвари хуби сиёсӣ мекунад.

Дар як мусоҳибаи муфассале, ки се ҳафта пеш аз баргузории интихоботи миёндавраии конгресс баргузор шуд, Трамп гуфт, ки агар ҳизби ҷумҳурихоҳ дар ин сабқат мағлуб шавад, ӯ худро гунаҳгор намеҳисобад, чунки, ба гуфтааш, фаъолияти ӯ ба номзадҳои ҷумҳурихоҳ баръакс кӯмак кардаанд.

Аз ин пеш Ненси Пелосӣ, як пешвои демократҳо гуфт, ки бовар дорад дар интихобот демократҳо аксариятро ташкил хоҳанд кард.