Як ҳавопаймои ҷангии украинӣ дар ҷараёни тамринҳои ҳавоии нирӯҳои НАТО суқут кард ва дар натиҷа ду пилоти он кушта шуд. Дар ин бора рӯзи 16 октябр низомиёни украинӣ хабар доданд. Феълан сабаби ба ин ҳол гирифтор шудани ҳавопаймо маълум нест.
Юрий Игнат, сухангӯи нирӯҳои ҳавоии Украина гуфт, ки СУ-27 дар машқҳои низомии 12-рӯзаи НАТО дар ғарби Украина иштирок мекард. Дар ҷараёни ин тамринҳо 8 кишвари узви НАТО, аз ҷумла ИМА иштирок мекунанд.