Помпео бо шоҳи Саудӣ дар робита бо парвандаи Хошуқҷӣ мулоқот кард

Вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео бо шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон дар робита бо нопадидшавиву куштори эҳтимолии нависандаи саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ дидор ва гуфтугӯ кард. Баъди нопадидшавии нависандаи саудӣ, президенти ИМА Доналд Трамп аз Помео хост, ки дар Риёз бо шоҳ мулоқот кунад.

Трамп гуфт, ки шоҳ Салмон гуфт, ки дар бораи сарнавишти Хошуқчӣ ва он чӣ ки метавонист бо ӯ рӯй диҳад, хабар надорад. Хошуқчӣ бо матолиби интиқодиаш дар ҳақи шоҳи саудӣ Муҳаммад Бин Салмон маъруф буд.

Дар паи мулоқот бо шоҳ, Помео бо вазири хориҷаи Саудӣ Абдул ал-Ҷубайр мулоқот кард. Дар ин бора хабарнигороне гуфтанд, ки бо Помпео ҳамроҳ сафар мекарданд.

Дар ҳамин ҳол телевизиони Туркия гуфт, ки полис қарор аст қаррргоҳи Саудӣ дар Истамбулро дар чаҳорчӯби таҳқиқи қазияи Хошуқчӣ кофтукоб кунад.

NTV инчунин гуфт, муфаттишон қарор аст консулгариро рӯзи 16 октябр барои бори дуюм дар як рӯз таҳқиқ кунанд.

Раиси дафтари ҳуқуқи башари СММ Мишел Бачеле рӯзи 16 октябр гуфт, ки ҳақи масунияте, ки дипломатҳо аз он бархурдор ҳастанд, бояд дафъатан бекор карда шавад. Бачеле гуфт, ки дар робита бо он чи ки рух дод ва ҳам дар нисбати афроди масъул масуният бояд бардошта шавад.

Қарор аст баъди Саудия Помео ба Туркия сафар кунад. Трамп таҳдид кард, ки дар сурати даст доштани Арабистони Саудӣ дар нопадидшавӣ ва қатли Хошуқчӣ, ин кишвар муҷозот мешавад.

Матбуоти амрикоӣ мегӯяд, ки Арабистони Саудӣ базудӣ бояд эътироф кунад, ки Хошуқчӣ дар ҷараёни як бозпурсӣ дар дохили консулгарӣ кушта шуд.