Калисои православии русӣ робитаҳояшро бо Константинопол қатъ кард

Метраполит Илларион

Калисои православии русӣ робитаҳояшро бо идораи усқуфи аъзами Константинопол – қароргоҳи марказии равияи православии дини масеҳӣ қатъ кард. Чунин тасмим баъди он гирифта шуд, ки усқуфи аъзам розӣ шуд, ки ба калисои православии украинӣ мустақилият ато кунад.

Қарори мазкур рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои калисо дар Минск қабул шуд.

Митрополит Иллариан, раиси шӯъбаи робитаҳои берунаи калисои Маскав гуфт:

«Ин як тасмими ногузир буд, вале Шӯрои калисо дигар қароре ҳам қабул карда наметавонист. Тамоми иқдомҳои идораи усқуфи аъзам дар Константинопол дар ин охирҳо мантиқан ба қабули чунин қарор водор мекард. Мо умедвор ҳастем, ки ақли солим ғалаба мекунад ва идораи усқуфи аъзам ҳам қарорашро дигар ва ба воқеият наздик хоҳад кард. Вале то он замон ва то вақте, ки ин тағйирот сурат намегираду қарорҳои ғайриқонунӣ ва хилоф бо қонунҳои калисо гирифта мешаванд, мо наметавонем дар тамос ва ҳамкорӣ бо калисои Константинопол бошем. Калисо тақсим шуд».

Сабаби тақсим шудани калисо дар қарори падар Варфоломеи 1 дар тақдими мақоми мустақилият ба калисои православии Украина мебошад.

Дар Украина се созмони православӣ амал мекунад ва танҳо калисои Маскавро калисоҳои дигар эътироф мекунанд. Ду калисои дигар эътирофшуда нестанд ва дар чунин шароит бояд ҳарсе калисо, ки дар ҳолати ихтилоф ҳастанд, ин тафриқаҳои худро канор гузоранд.

Дар Маскав тасмими Константинополро бо ихтилофи азим дар дини масеҳӣ шабоҳат доданд, ки асри 11 боиси ба равияҳои католикиву православӣ ҷудо шудани ин мазҳаб шудааст.

Тақсим шудани калисо маъноҳои сиёсӣ ҳам дорад. Киев борҳо гуфтааст, ки Кремл бо истифода аз калисои православии Русия ба умури дохилии Украина дахолат мекунад. Калисои Маскав ин иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст.