"Диссернет" асардуздии олимони Қирғизистонро ошкор кард

Дар рисолаҳои илмии олимони Қирғизистон асардуздӣ ошкор шудааст. Миёни асардуздон мансабдорони пешин ва кунунии ин кишвар низ ҳастанд. Онҳо асардуздиро рад мекунанд ва ҷамъияти "Диссернет"-и Русияро, ки асардуздиҳоро ошкор кардааст, қаллоб меноманд.

"Диссернет" - иттиҳоди эҳсонкорони Русия аст, ки ба асардуздӣ дар рисолаҳои илмии олимон, фаъолони сиёсиву иҷтимоӣ машғул аст. Ин созмон бештар аз 600 рисолаи илмии қирғизистониҳоро омӯхта ва ошкор кардааст, ки дар ҳар панҷумин рисола нишонаҳое аз асардуздӣ дида мешавад.

Яке аз афроде, ки аз сӯи "Диссернет" дар асардуздӣ айбдор мешавад, Оқилбек Жапаров - вакили порлумони Қирғизистон аст. Пештар вай ноиб-сарвазир ва вазири молия буд.

"Диссернет" мегӯяд, бештар аз нисфи кори илмии 200-саҳифаии Жапаров дуздӣ аст. Вакили порлумон ин иттиҳомро рад мекунад ва бовар дорад, ки ӯро беобрӯ кардан мехоҳанд. Вай мегӯяд, пушти ин ҳангома касоне пинҳон шудаанд, ки соли 2020 дар интихоботи порлумонӣ сари қудрат омадан мехоҳанд.

Қирғизистон бештар аз 800 доктори илм ва 400 ҳазор номзади илм дорад.