Навалнийро баъди 50 рӯзи зиндон озод карданд

Алексей Навалний

Алексей Навалний, пешвои мухолифони ҳукумати Русия, ки барои ташкили тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ҷазо гирифт, баъди адои 50 рӯзи ҳабс, озод шуд. Ӯ субҳи 14-уми октябр аз боздоштгоҳе дар ҷануби шаҳри Маскав берун омад ва баъди суҳбати кутоҳе бо хабарнигорон дар мошине аз он маҳал рафт.

Алексей Навалний гуфт, “Дар ин 50 рӯзе, ки ман дар зиндон будам, далелҳои зиёде аз таназзули комили ин ҳукуматро шоҳид шудам.” Ӯ ба руйдодҳои ахири марбут ба ҷосусони Русия ва партоби номуваффақи мушаки “Союз” ишора кард.

Пешвои мухолифони давлати Русияро, ки барои тазоҳуроти моҳи январ 30 рӯз ба ҳабс маҳкум шуд, баъди берун омадан аз зиндон дар рӯзи 24-уми сентябр барои адои ҳукми 20 рӯза барои тазоҳуроти дигар ба зиндон бозпас фиристоданд.

У, ки аз мухолифони сарсахти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба ҳисоб меравад, борҳо тазоҳуроти бузурги зиддиҳукуматӣ ташкил кардааст.