Даҳҳо муштарии "Тоҷиксодиротбонк" субҳи 12-уми октябр дар назди бинои марказии ин бонк дар Душанбе ҷамъ омада, хостори бозпас гирифтани пасандозҳояшон шуданд.
Ҳавлии меросии волидонро фурӯхта, 30 ҳазор долларро дар ин бонк пасандоз гузоштаам. Мехостам ин маблағро барои табобат сарф кунам...
Масъулони ин бонки дучори мушкилшуда мегӯянд, тибқи муқаррароти нав, ҳамакнун миқдори пулҳое, ки қарор аст ба муштариҳо аз тариқи банкомат дода шавад, боз ҳам камтар мешавад. Ин ҳолат боис ба нороҳатии бештари муштариҳо шудааст, ки дар пайи бӯҳрони бонк наметавонанд амонату пасандозҳои худро ба таври пурра бозпас бигиранд.
Бабиков пулҳояшро монду саргардон шуд
Сергей Бабиков, сокини 45-солаи Душанбе, муштарии қадимии "Тоҷиксодиротбонк" аст. Ӯ чанд сол пеш ба ин муассисаи молӣ бовар карда, дар маҷмӯъ 140 ҳазор долларашро амонат гузошта буд. Инак, се сол аст, ки қисми пулҳояшро гирифта наметавонад. Бабиков дар тараддуди тарки Тоҷикистон аст, вале бо сабаби мушкили бозгардони пул аз бонк, барномаҳои зиндагиаш ба ҳам хӯрдааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: СБП тавсия дод, ки "Агроинвестбонк"-ро барҳам диҳанд ва пули муштариҳоро баргардонандАз соли 2015 дар пайи коҳиши воридоти пули фиристодаи муҳоҷирон "Тоҷиксодиротбонк" ва чанд бонки дигар дучори мушкил гардиданд.
"Ин чӣ гап аст, ки пасандози моро наметавонанд бозпас бидиҳанд. Ҳар субҳ ба умеди гирифтани 200 сомонӣ дар назди банкомат ҷамъ мешавем, вале ҳатто ҳамонро ҳам намедиҳанд. Тоҷикистонро дӯст медорам, вале ночорам, фикри рафтанро дорам", - гуфт ӯ рӯзи 12-уми октябр адр суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Барно дунболи пулҳояш аз Фархор ба Душанбе омад
Сергей Бабиков танҳо нест. Барно Имомова, сокини 45-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳам се сол пеш манзилашро фурӯхта, ҳамаи ин пулро дар "Тоҷиксодиротбонк" пасандоз гузошт. Аммо се сол боз аз бонк маблағашро пурра гирифта наметавонад ва ночор шудааст ба Душанбе кӯч баста, дар ду рӯз як дафъа 200 сомонӣ бигирад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, бахши "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Фархор баста шудааст ва ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон иҷоранишин аст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ афзуд, "ҳавлии меросии волидонро фурӯхта, 30 ҳазор долларро дар ин бонк пасандоз гузоштаам. Мехостам ин маблағро барои табобат сарф кунам. Зеро пойҳоям беморанд ва роҳ гаштанам душвор аст. Ҳатто назди Тоҷиддин Пиров даромада, вазъамро фаҳмондам, гуфтам, ки бидуни сабт дар шиноснома маро ба кор қабул намекунанд. Пул надорам. Танҳо лутф карда, бароям 1000 сомонӣ аз пасандозамро ҷудо кард. Ҳоло ҳамроҳ бо фарзандони хурдсолам дар Душанбе иҷоранишин шуда, дар ду рӯз як дафъа барои 200 сомонӣ меоям, вале ҳоло ҳамонро ҳам намедиҳанд. Ман дар маҳаллае зиндагӣ мекунам, ки бархе аз кормандони "Тоҷиксодиротбонк" он ҷо зиндагӣ мекунанд. Мошинҳои гаронбаҳояшонро мебинаму фикр мекунам, чаро онҳо дороиҳояшонро намефӯрашанду пасандозҳои моро барнамегардонанд. Ё ҳавопаймоҳояшонро".
Масъулон: Пул ҳаст, аммо...
Муштариҳои норозии "Тоҷиксодиротбонк" тақозо доштанд, ки раҳбарияти ин муассиса ба наздашон баромада, посух диҳад, ки ба чӣ сабаб муқаррароти бе ин ҳам хеле маҳдуди гирифтани 200 сомонии пасандозашон боз ҳам камтар шудааст. Аммо ҳеҷ яке аз масъулон то замони ҳузури хабарнигорон дар назди бинои "Тоҷиксодиротбонк" ба назди муштариён набаромаданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 51% саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро саудиҳо мехарандРаҳмоналӣ Шералиев, раҳбари котиботи "Тоҷикисодиротбонк", рӯзи 12-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи муқаррарот, муштариён ҳақ доранд на ҳар рӯз, балки дар ду рӯз як бор 200 сомонӣ маблағашонро бигиранд. Вале шеваи пулгирии муштариён дар роҳи дарёфти озодонаи дарёфти маблағашон душворӣ эҷод кардааст.
Вай афзуд, бо фаро расидани фасли сармо муштариён талош мекунанд субҳи барвақт омада, маблағи муайяншударо бигиранд. Ҳар субҳ дар ин ҷо анбӯҳи зиёди муштариён гирдиҳам омада, дар ҷараёни пулгирӣ бо ҳам даргир мешаванд. Маблағи бонк барои додани ҳамин миқдор маблағ кофӣ аст, вале муштариён худ ба тартиби муайншуда риоят намекунанд.
Дар посух ба ин суол, ки чаро муштариён аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои гирифтани маблағи пасандозашон маҳз назди бинои "Тоҷиксодиротбонк" меоянд, Раҳмоналӣ Шералиев гуфт, ба далели сарфаи маблағ, ин бонк тасмим гирифтааст фаъолияти бархе аз намояндагиашро дар минтақаҳо қатъ кунад. Ба ин далел, муштариён аз ноҳияҳои дурдаст низ барои гирифтани пасандозашон ба Душанбе меоянд.
Бӯҳрони "Тоҷиксодиротбонк"
"Тоҷиксодиротбонк" ки дар баробари "Агроинвестбонк" яке аз ду бонкҳои низомсоз маҳсуб меёфтанд, давраи вазнинеро сипарӣ мекунанд. Аз соли 2015 дар пайи коҳиши воридоти пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик "Тоҷиксодиротбонк" ,"Агроинвестбонк" ва "Тоҷпромбонк" дучори мушкил гардида, дар пардохти амонати муштариёнашон оҷиз мондаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои наҷоти ин бонк беш аз 2 миллиард сомонӣ ҷудо кард ва дар иваз 85 дарсади саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёри худ гирифт.
Мушкили бонкҳои Тоҷикистон соли 2016 шурӯъ шуд ва баъди коҳиши воридоти маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик шиддат гирифт. Давлати Тоҷикистон аз бими норизоиятии мардум, ки дар "Агроинвестбонк"-у "Тоҷиксодиротбонк" садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонд, вале бонкҳои хурде ба мисли "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода рӯзи 25-уми май дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, "Тоҷиксодиротбонк" барои беҳбуди вазъи худ бо сармоягузорони хориҷӣ созишнома имзо кардааст.
Мақомоти Сандуқи байналмилалии пул ахиран ба Тоҷикистон машварат додааст, ки барои гирифтани қарзи навбатӣ "Агроинвестбонк"-у "Тоҷиксодиротбонк" муфлис эълон карда, дигар дар фикри наҷоти онҳо набошад, вале ин ҳолат, ба андешаи бархе мақомот дар Тоҷикистон, қобили қабул нест, чунки дар ин сурат метавонад боиси эҷоди норизоиятиҳои иҷтимоӣ шавад.