Вакилони парлумони Қирғизистон рӯзи панҷшанбеи 11-уми октябр созишномаеро бо Тоҷикистон ба тасвиб расониданд, ки мувофиқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд то 60 шабонарӯз бидуни сабти ном дар ин кишвар иқомат кунанд. Вакилони Жогорку Кенеш ба қабули ин созишнома дар қироати сеюм, бо аксари оро раъй додаанд.
Онҳо гуфтаанд, ин созишнома равуои шаҳрвандони қирғизу тоҷик ба назди ҳамдигароро сабук мекунад ва шароити хуби будубоши онҳо дар кишварҳои ҳадигарро фароҳам меорад. Қаблан сокинони ин ду кишвар танҳо то 5 шабонарӯз ҳаққ доштанд дар кишварҳои ҳамдигар бе қайди расмӣ дар идораи давлатӣ будубош кунанд.
Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи тартиби будубоши то 60 шабонарӯз бидуни сабти номи шаҳрвандон дар кишварҳои ҳамдигар 1-уми феврали соли 2018 дар Душанбе ба имзо расида буд.