Петр Каримов - писари Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон аз додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав дархост кард, ки маоши ӯро аз ширкати ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" - биситонад. Петр Каримов аз ҳамсари аввали Каримов таваллуд шудааст.
Додгоҳи Твер ин иттилоъро тасдиқ кард ва гуфт, ки аризаи даъвоии Петр Каримов дастрас ва мурофиа ба рӯзи 24-уми октябр таъйин шуд. "Вале мо намедонем, ки Петр писари Ислом Каримов аст", - гуфт Анастасия Дзюрко, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Твер.
Расонаҳо хабар медиҳанд, ки Петр Каримов чанд сол дар мақомҳои роҳбарии ширкати миллии "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" кор кардааст. Аммо баъди марги падараш дар соли 2016 ӯ аз мақомаш барканор шуд. Ҳамакнун Петр Каримов даъво дорад, ки корфармо ҳангоми барканор кардани ӯ ҷубронпулӣ пардохт накардааст. Ҳаҷми маблағи даъвоӣ айни замон маълум нест.
Замони зинда будани Ислом Каримов, сарчашмаҳо дар бораи Петр намедоданд. Вале баъдтар сомонаҳои интернетӣ навиштанд, ки Ислом Каримов бори аввал солҳои 60-уми асри гузашта издивоҷ кардааст. Аз издивоҷи аввал Петр Каримов соли 1969 таваллуд шуд.