Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони зери 16-сола дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур – барандаи медалҳои нуқра гардид, рӯзи 10-уми октябр ба Душанбе баргашт.
Ба пешвози футболбозони наврас ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо нафар, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ – шаҳрдори Душанбе ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон омада буданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бозигарони зери 17-сола гардид, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.
Рустами Эмомалӣ ҳайати дастаи мунтахаби наврасонро бо дастоварди бузургашон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё табрик гуфта ва ба онҳо дар қаҳрамонии ҷаҳон муваффақият орзу намуд.
Аз номи ҳайати даста Зайниддин Раҳимов ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои фароҳам кардани шароитҳои мусоид сипосгузорӣ намуд.
Капитани даста Эмомалӣ Аҳмадхон аз мухлисони футболи тоҷик барои пуштибониашон миннатдорӣ баён кард ва аз номи аҳли даста ваъда дод, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон натиҷаҳои баланд ба даст хоҳанд овард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Футболбозони наврас баъди лаҳзаҳои аз дохили фурудгоҳ берун омадан бо шодбоши сокинон рӯ ба рӯ шуданд ва аксарият онҳоро бо гулдаста, нидоҳои "қаҳрамон" ва "ифтихори миллат" пешвоз гирифтанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мунтахаби наврасони Тоҷикистон - барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии ОсиёДастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки баъди пирӯзӣ бар тимҳои Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ ё пеналтӣ ба финал баромад, дар бозии ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Малайзия аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд ва барои аввалин бор бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.
Дастаи мунтахаби наврасон савори автобуси дуошёна, ки барои аввалин бор дар Душанбе бо ибтикори шаҳрдорӣ ба мусофиркашӣ шурӯъ хоҳад кард, роҳии Варзишгоҳи ҷумҳуриявии марказӣ шуданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, инчунин соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бозигарони зери 17-сола гардид, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.
Бахши ниҳоии шодбошиҳо ба ифтихори дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон бо консерти бошукӯҳе имрӯз, 10-уми октябр, дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии марказии Душанбе ба анҷом мерасад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Президенти AFC футболбозони навраси тоҷикро табрик гуфт