Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти AFC футболбозони навраси тоҷикро табрик гуфт


Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа ба унвонии раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба муносибати роҳ ёфтани дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17) дар Перу номаи табрикӣ ирсол намудааст.

Чунонки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон 8-уми октябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, дар номаи табрикии президенти AFC, аз ҷумла, гуфта мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки ба финали қаҳрамонии Осиё баромад, дар тамоми ҷараёни мусобиқот бозии ғаюрона нишон дод ва соҳиби медалҳои нуқра, инчунин роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17) дар Перу гардид.

"Ҳамаи оилаи футболи осиёӣ ба мунтахаби шумо дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Перу натиҷаҳои беҳтаринро орзуманд аст ва ба умеди дидор дар Конгресси 28-уми AFC, ки охири ин моҳ дар Куала-Лумпур баргузор мешавад",-омадааст дар номаи табрикии президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд, барои аввалин бор бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

Ин бозӣ шоми якшанбе, 7-уми октябр, дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд. Голи ягонаро ҳамлагар Ҷун Нишикава дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 63-юм, ба ҳадаф расонд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни наврасони зери 16-сола аз соли 1985 барои бори 18-ум баргузор шуд. Ин мусобиқа, инчунин мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон (U-17) маҳсуб мешавад.

Дастаи мунтахаби наврасони Ҷопон аз ҳама бештар – се бор - ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст. Дастаҳои Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Умон, Кореяи Шимолӣ дуборӣ ва тимҳои Қатар, Тайланд, Эрон, Узбекистон ва Ироқ якборӣ медалҳои тиллоро ба даст овардаанд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2006 дар Сингапур барпо гардид, барои ҷойи севум бар тими Сурия аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуда, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардида буд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2007 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, то ҳаштякфинал роҳ ёфтааст. Футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “E” се бозӣ анҷом дод, ки натиҷаҳояш чунин аст: Тоҷикистон – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 4:3 (голҳои Тоҷикистон: Дилшод Восиев, дақиқаи 32-юм, Самад Шоҳзуҳуров, 43, Нуриддин Давронов, 82 ва Фатҳулло Фатҳуллоев, 86), Тоҷикистон – Белгия – 0:1, Тоҷикистон - Тунис – 0:1.

Дар ин гурӯҳ Тунис бо 9 имтиёз ғолиб шуд. ИМА, Тоҷикистон ва Белгия сеимтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо ИМА (6-7) ҷойи дуюм, Тоҷикистон (4-5) ҷойи сеюм ва Белгия (3-6) ҷойи чорумро соҳиб шуданд. Аз ин гурӯҳ се даста ба даври ҳаштякниҳоӣ баромад. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳаштякфинал бо тими Перу рақобат кард. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар вақти иловагӣ низ ҳисоб тағйир наёфт. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ мунтахаби Перу бо ҳисоби 5:4 ғолиб шуд.

XS
SM
MD
LG