Гурӯҳҳои таҳқиқотии The Insider ва Bellingcat ном ва шарҳи ҳоли воқеии гумонбари дувуми ҳамла ба корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипалро муайян карданд. Маълум шудааст, ки "Сергей Петров" дар асл Александр Мишкин ном дорад ва корманди Хадамоти иктишофии Русия аст.
Мишкин соли 1979 дар деҳаи Лойгаи вилояти Архангелск ба дунё омада, маълумоти тиббиро дар яке аз академияҳои низомӣ гирифтааст. Ҳангоми таҳсил ӯ ба Хадамоти иктишофии Русия ба кор ҷалб шуда, соли 2010 ба Маскав рафт ва дар онҷо шиносномаи навро бо номи "Александр Петров" дарёфт кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Bellingcat ва The Insider мегӯянд, шахсияти Мишкинро дар асоси иттилои "чандин манобеъ"-и наздик ба худи ӯ муайян карданд.
Пулиси Бритониё ду нафарро бо номҳои "Руслан Боширов" ва "Александр Петров" дар заҳролудсозии Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар шаҳри Солсбери моҳи марти соли равон айбдор мекунад. Рӯзи 13-уми сентябри имсол ду мард дар суҳбат бо телевизиони русии Russia Today худро Петров ва Боширов, шаҳрвандони мулкии Русия муаррифӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки бо хадамоти иктишофии ин кишвар робитае надоранд ва ба Солсбери барои тамошо рафтанд.
Мақомоти Маскав то ҳол, ба навиштаи Bellingcat, расман вокуниш нишон надодаанд. Таҳқиқотгарон тасмим доранд, гузориши комили худро дар бораи Александр Мишкин рӯзи сешанбе нашр кунанд.