Мухолифини Сурия силоҳҳои вазнинро аз Идлиб берун овард

Акс аз бойгонӣ

Мухолифини мусаллаҳи Сурия рӯзи душанбе силоҳҳои сангинро аз хати ҷабҳаи вилояти Идлиб берун овард. Ин таҳаввулот дар пайи созиши байни Русия ва Туркия оиди таъсиси минтақаҳаои ғайринизомӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 8 октябр гузориш дод.

Дар ин минтақа акнун танҳо гурӯҳи мусаллаҳе боқӣ мемонад, ки Анқара аз он пуштибонӣ мекунад. Онҳо ба низоми оташбас дар ин ноҳия назорат хоҳанд кард.

Ҳамзамон "Таҳрир аш-Шом" - нерумандтарин гурӯҳи ҷиҳодӣ дар Идлиб, то ҳол муносибати худро ба созиши Маскав ва Анқара мушаххас накардааст.

Созиши моҳи гузашта аз ҳамлаи нерӯҳои ҳукумат ва шариконаш ба вилояти Идлиб ҷилавгирӣ кард, дар ҳоле, ки Димишқ мехост вилоятро ба ҳар қиммате бошад таҳти назорат бигирад. Раҳбарони ҷаҳон ва Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор доданд, ки ҳамла ба Идлиб минтақаи дорои 3 миллион аҳолиро ба фоҷеаи башарӣ мерасонад. ИМА он замон артиши Асадро ҳушдор дод, ки дар сурати истифодаи маводи кимиёвӣ мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт.