Исми барандаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод эълон шуд

Иқтисодшиносони амрикоӣ Уилям Нордҳаус ва Пол Ромер барандаҳои ҷоизаи Нобел дар улуми иқтисодӣ эълон шуданд. Академияи шоҳигарии Шветсия рӯзи 8 октябр бо пахши як изҳорот гуфт, ки ин ду донишманд пажӯҳишҳои марбут ба тағйироти иқлим ва инноватсияҳои технологиро ба таҳлилҳои дарозмуддати макроиқтисодӣ шомил карданд ва ба ҳамин хотир кори онҳо барандаи ҷоизаи бонуфуз шуд.

Нордҳаус аз донишгоҳи Йел ва Ромер аз донишгоҳи Ню-Йорк буда, дар як рақобати шадид ғолиби озмуни ниҳоӣ шуданд. Ин ду донишманд ҷоизае бо арзиши 9 миллион крони шведӣ (баробар бо 1 миллион доллар)-ро бо ҳам тақсим мекунанд. Айни чунин ҷоиза дар бахшҳои тиб, физика, химия ва ҳам сулҳ тақдим мешавад.

Соли ҷорӣ, бар хилофи анъанаи роҳуфтода, ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт супурда намешавад. Сабаби он рӯй додани як баҳси масоили ҷинсӣ дар ҳайати Академияи Шветсия мебошад. Қарор аст рӯзи 10 декабр ҷоизаи Нобел дар маросими вижае тақдим шавад. Ин ҷоиза аз соли 1896, баъди марги Алфред Нобел тақдим мешавад.