Қазоқистон ба хотири ҳифзи танга ба бозори асъор дахолат кард

Kazakhstan -- A bird flies above the logo of the National Bank of Kazakhstan at the bank's headquarters in Almaty, 25Jan2013

Бонки миллии Қазоқистон (БМҚ) мегӯяд, ба хотири "пешгирӣ аз беқурбшавии танга ва ба эътидол овардани вазъи бозори асъори дохилӣ" аз 5 то 7 сентябр дар ин кишвар 520,6 миллион доллари амрикоӣ ба фурӯш бароварда шуд.

БМҚ 8 октябр гуфт, ки ин иқдом дар шароити камбуди асъори хориҷӣ ва дар пасманзари поин рафтани қурби тангаи қазоқӣ амалӣ шуд. Ба маълумоти бонк, ин нахустин дахолат ба бозори асъори Қазоқистон пас аз моҳи октябри соли 2017 аст.

Қурби расмии доллари амрикоӣ дар Қазоқистон пас аз моҳи январи соли 2016 бори нахуст 12 сентябри соли равон тағйир ёфта, арзиши як доллар аз марзи 380 танга гузашт. БМҚ берқурбшавии тангаро ба таҳримҳои нави ИМА зидди Русия рабт дод.

Вашингтон 8 август дар робита ба қазияи заҳролудшавии афсари пешини рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Бритониё зидди Маскав таҳрим эълом кард. Дар натиҷаи таҳримҳо қурби рубли русӣ ба таври назаррас поин рафт ва ба арзиши тангаи қазоқӣ низ таъсири манфӣ расонд.