Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон брӯзи 7-уми октябр дар як суҳбати телефонӣ Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро бо зодрӯзаш табрик гуфтааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри як хабари кӯтоҳе дар ин бора гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон «бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш сидқан табрик намуд.»
Дар ҷараёни ин гуфтугу ду тараф ҳамчунин роҳҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Россия баррасӣ кардаанд. Ду рӯз пештар Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмонро, ки рӯзи 6-уми октябр зодрӯз дошт, бо як занги телефонӣ табрик гуфтааст.