Сокинони маҳаллаи марзии "Тоҷикон" дар ҷамоати Ворух гуфтанд, ки ду моҳ боз оби ошомиданӣ ва полезӣ надоранд ва обро се километр дуртар аз маҳалли зист, аз рӯди Исфара, бо мошину хар ва даст мекашонанд.
"Баъзе аз боғу замини кишт хушк шуда, агар вазъ ҳамин тавр боқӣ монад, ин маҳалли сарсабз ба биёбон табдил хоҳад шуд", - гуфтанд сокинон.
Ин маҳалла дар қисми ҷануби ғарби ҷамоати Ворухи Исфара ҷойгир аст ва ҳудуди 7 ҳазор аҳолӣ дорад. Ду моҳ пеш мардум бо ёрии Бунёди рушди Оғохон ба сохтмони хатти об сар карданд. Қариб мушкили беобии ин маҳалли сарҳадии Тоҷикистон рафъ гардида буд, вале сокинони деҳаи ҳамсояи Қирғизистон бо даъвои ин ки лӯла аз “қисмати таъйиннашудаи марз” мегузарад, монеи корҳои сохтмонӣ шуданд.
Дар пайи баҳси лафзии сокинони ду тарафи марз бунёди лӯлаи обгузар то замони ҳалли баҳс боздошта шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи "Тоҷикон", рӯзи 6-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "оби мо пулакӣ шуд. Чунки на оби ошомиданӣ дорем ва на оби полезӣ. Ҳама ҷо хушк шудааст. Мошини обкашонӣ ҳам надорем. Болои “Портер” як обгири 1-тоннаиро монда, об мекашонанд. Нархаш аз 50 то 100 сомонӣ, вобаста ба масофа аст."
Мусоҳиби мо афзуд, аз камии об қисме аз зироат ва ниҳолҳои сокинон хушк шудааст. Абдуллоҳ, ҳамсуҳбати дигари мо аз маҳаллаи "Тоҷикон" мегӯяд, "тахминан ним гектар замин гирифта, ниҳолҳои зардолу сабзонда будам. Ду бор пулакӣ об додам, дигар пулам нарасид. Бисёре аз ниҳолҳо хушк шуд."
Маҳаллаи "Тоҷикон" қаблан тавассути як ҷӯйи бетонӣ (латок), ки ҳанӯз замони Шӯравии собиқ бунёд карда буданд, баҳору тобистон аз саргаҳи рӯди Исфара об мегирифт. Вале ин тобистон қисмате аз саргаҳи ин ҷӯйбор хароб шуда, роҳи об баста шуд.
"Мо ба масъулони хоҷагии об ва мақомоти дигар муроҷиат кардем, вале то ҳол мушкиламон ҳал нашудааст", - мегӯянд сокинони ин маҳаллаи марзӣ.
Аммо Рустам Шомирсаидов, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара, гуфт, ҷӯйбори бетониро таъмир кардаанд. "Дар ҳақиқат, 6 "латок"-и паҳниаш якметрӣ шикаста, аз баландии 5 метр афтида буд. Дар онҷо дар масофаи 40 метр пояҳои бетонӣ сохта, зераш оҳан гузошта, лӯлаи обгузар монданд. Обро имрӯз сар медиҳем", - гуфт ӯ.
Ҳангоми нашри гузориш сокинон таъмири ҷӯйбори оҳаниро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, ки ҳанӯз об ба хонаи онҳо нарасидааст.
Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.