Амрико ба марзбонони тоҷик дар ҳаҷми $8 млн таҷҳизот дод

Акс аз сафҳаи "Фейсбук"-и кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт.

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллион доллар таҳҷизот тақдим кард. Дар маросими тақдими ин таҷҳизот кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коварт, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов ва сардори раёсати марзбонии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналиев ширкат кардаанд.

Ба иттилои сафорати ИМА, дар миёни ин кӯмаҳо - таҷҳизоти сохтмонӣ, таҷҳизоти вазнини сохтмон ва воситаҳои тактикии иборат аз патрул, фармон, ҷустуҷӯ, амбулатсия ва ҳаракати нақлиёт тақдиим шудааст.

Ин таҷҳизот ба посгоҳҳои сарҳадӣ ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар эҷоди монеаҳо ба қочоқи ғайриқонунӣ дар сарҳади минтақаи вилояти Хатлон кумак мерасонад, дар ҳоле ки воситаҳои тактикӣ қобилияти онҳоро барои назорати ин қаламрав тақвият хоҳанд дод.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тули 26 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон беш аз 1,8 млрд. доллари ИМА-ро ҳамчун кумак баҳри рушд тавассути барномаҳои дастгирии бахши хусусӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, муассисаҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон равона намуд.