Амрико 7 шаҳрванди Русияро ба ҳамлаи киберӣ дар ҷаҳон айбдор кард

Ҷон Демерс - ёвари додистони кулли Амрико дар умури амнияти миллӣ

Иёлоти Муттаҳида ҳафт шаҳрванди Русияро, ки аз онҳо кормандони хадамоти иктишофӣ ном бурда мешавад, ба ташкили ҳамлаҳои киберӣ дар кишварҳои мухталиф айбдор кард.

Вазорати адлияи ИМА аз онҳо Алексей Моренетс, Евгений Серебряков, Иван Ермаков, Артем Малишев, Дмитрий Бадин, Олег Сотников ва Алексей Минин ном бурд. Ҳамаи инҳо кормандони Хадамоти иктишофи низомии Русия ҳастанд.

Чаҳор нафарашон моҳи апрели соли равон, пас аз кӯшиши рахнагарии интернетӣ ба қароргоҳи Созмони манъи силоҳи кимиёӣ аз Нидерландия ихроҷ карда шуданд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе хабар дода шуд.

Ермаков, Малишев ва Бадинро пештар додситони махсуси амрикоӣ Роберт Мюллер ба кӯшиши дахолат дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 айбдор карда буд.

Ин шаҳрвандони Русия, аз ҷумла ба пойгоҳи маълумоти Оҷонси байналмилалии зиддидопингӣ, истгоҳи ҳастаии Пенсилвания ва қароргоҳи Созмони манъи силоҳи кимиёӣ ҳамлаи ҳакерӣ анҷом додаанд.

Сарвазирони Нидерландия ва Бритониё -- Марк Рютт ва Тереза Мэй рӯзи панҷшанбе Русияро ба "таҳқири арзишҳои ҷаҳонӣ" айбдор карданд. Дар изҳороти муштараки Марк Рютт ва Тереза Мэй омадааст, ки хадамоти иктишофии Русия ба қарордоде, ки амнияти ҷаҳониро таъмин мекунад, эҳтиром намегузорад.