Як марди 31-солаи сокини Душанбе гирифтор кардани дигарон ба вируси СПИД боздошт шудааст. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 5-уми октябр хабар дод, ки ин сокини пойтахт сарфи назар аз гирифтор шудан ба бемории СПИД, худро ба қайди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар пойтахт намондааст.
Ба қавли манбаъ, ин мард оиди бемори СПИД буданаш аз ҷониби мақомоти тандурустӣ огоҳинома гирифта буд. Аммо ӯ моҳи августи соли равон "дидаву дониста бо зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе алоқаи ҷинсӣ намуда, номбурдаро ба бемории ВНМО гирифтор намудааст."
Дар Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, алайҳи ин мард парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон барои гирифтор кардани шахси дигар ба вируси СПИД аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Зимнан моҳи августи соли равон Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус як занро барои гирифтор чанд мард ба вируси СПИД ба як соли зиндон маҳкум карда буд.
Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон аз се то чаҳор нафар ба ВИЧ – вируси норасоии масунияти бадан олуда мешудааст. Танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар бадани 321 нафар ин дарди бедармон ошкор шуд. Рақаме, ки дар нигоҳи аввал намешавад ба он бовар кард. Аммо воқеият чунин аст, ки ҳар моҳ дар як кишвари хурди Тоҷикистон дастикам сад нафар олудаи ин вирус мешаванд.
Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, дар миёни олудашудаҳо аз се ду нафарашон тавассути иртиботи ҷинсӣ ба ин беморӣ печидаанд. 90 дарсади онҳо аз 15 то 49-солаанд. Ба гурӯҳи осебпазир дар баробари ин вирус, мӯътодони маводи мухаддир, муҳоҷирони корӣ ва ҳам онҳое дохил мешаванд, ки иртиботи бебандубори ҷинсӣ доранд. Теъдоде ҳам аз роҳҳои номаълум ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.