Тазоҳуроти густардаи ингушҳо бар зидди созиши марзӣ бо Чеченистон

Тазоҳуроти ингушҳо бар зидди созиши марз бо Чеченистон. 4 октябри соли 2018

Дар назди бинои порлумони Ингушистон тазоҳуроти зидди табодули қаламрав дар байни Чеченистон ва Ингушистон ҷараён дорад, ки ба гуфтаи Кавказ.Реалии дар он садҳо нафар иштирок доранд.

Рӯзи 26 сентябр раҳбарони Ингушистон ва Чеченистон - Юнус-Бек Евкуров ва Рамазон Қодиров қарордоди марзи байни минтақаҳоро имзо карданд. Созишнома табодули қаламрав дар байни ду ҷумҳуриро пешбинӣ мекунад. Охири моҳи сентябр дар Ингушистон тазоҳуроти зидди ин созиш сурат гирифт. Фаъолон мегӯянд, ки қарордод ба манфиати Ингушистон нест.

Субҳи рӯзи панҷшанбе порлумони минтақавӣ қарори табодули қаламравҳоро тасвиб кард. Аз 25 намояндаи мардумӣ 17 нафар ба тарафории ин созиш овоз доданд. Се намояндаи мардумӣ мухолиф буданд ва панҷ нафар аз райъдиҳӣ худдорӣ карданд.

Хабарнигори Би-Би-Си мегӯяд, дар ҳоле, ки ҷаласаи порлумон ҷараён дошт, афроди мусаллаҳ ба ҳаво тир холӣ карданд, то тудаи мардумро ором кунанд.

Намояндагони мардумӣ низ ба назади тазоҳургарон баромаданд, вале ба ором кардани мардум муваффақ нашуданд.