Президенти Арманистон шаш вазирро ба истеъфо фиристод

Эътирози мардум дар назди порлумони Арманистон. 2 октябри соли 2018

Президенти Арманистон Армен Саркисян ба думболи тазоҳуроти шаби сешанбе дар назди бинои порлумон шаш вазирро ба истеъфо фиристод. Онҳо намояндагони ҳизбҳои "Арманистони шукуфо" ва "Дашнак-тсутюн" буданд. Онҳо аз тарҳе пуштибонӣ карданд, ки баргузории интихоботи барвақтиро душвор мекунад.

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян низ аз парокандашавии порлумон ва эълони интихоботи пеш аз муҳлат пуштибонӣ мекунад. Баъди райъдиҳӣ дар полумон ӯ тарафдоронашро ба тазоҳурот дар Ереван даъват кард. Пашинян ба тазоҳургарон қавл дод, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад ва дар сурати интихоб нашудани ҷойгузини нахуствазир дар тӯли ду ҳафтаи оянда, порлумон бар пояи Конститутсия пароканда ва интихоботи пеш аз муҳлат эълон хоҳад шуд. Пашинян гуфт, эҳтимол аст, интихобот моҳи декабр баргузор шавад.

Маҷлиси миллии Арманистон шаби сешанбе дар ҷаласаи ғайринавбатӣ ба қонуни тартиботи дохилии порлумони ин кишвар тағйирот ворид кард. Бар асоси ин тағйирот, ки аз сӯи се ҷиноҳ – Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистон, ҳизби "Дашнактсутюн" ва блоки "Тсарукян" пешниҳод шуд, агар баррасии масъалае ба далели ҳолати изтирорӣ ё монеагузорӣ ба иштироки вакилон сурат нагирад, ҷаласаи Маҷлиси миллӣ баргузорношуда дониста хоҳад шуд.

Сарвазир Никол Пашинян гуфт, тағйироти воридшуда имкониятҳоро барои парокандасозии порлумон коҳиш хоҳад дод. Ӯ вакилон, сиёсатмадорон ва нирӯҳоеро, ки аз тағйирот ҷонибдорӣ карданд, "зиддиинқилобӣ" номид.

Шаби сешанбе мардум бо даъвати сарвазир дар назди бинои порлумони Арманистон дар Ереван ҷамъ шуданд, то эътирози худро ба лоиҳаи баҳсбарангези тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур баён кунанд.