Ҳисоботи Шойгу ба Путин: "С-300" ба Сурия интиқол ёфт

Сергей Шойгу

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар Шӯрои амнияти ин кишвар хабар дод, ки муҷтамаи мушакии С-300 ба Сурия интиқол дода шуд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС иттилоъ дод.

Нақшаи интиқоли муҷтамаи мушакии С-300 ба Сурия "дар муддати ду ҳафта" 24 сентябр маълум шуд.

Сергей Шойгу 24 сентябр гуфт, Москва ба артиши Сурия дар давоми ду ҳафтаи оянда муҷтамаи мушакии С-300 медиҳад. Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки Москва дар ҳалокати 15 узви экипажи ҳавопаймои ИЛ-20 дар Сурия Исроилро масъул донист.

Ҳавопаймои русии ИЛ-20-ро нирӯҳои зиддиҳавоии ҳукумати Башор Асад - ҳампаймони Русия иштибоҳан сарнагун карданд. Ин ҳодиса шаби 17 сентябр ҳангоми зарбаҳои ҳавоии Исроил ба вилояти Латақияи Сурия рух дод. Ба гуфтаи Москва, халабонҳои Исроил сабаб шуданд, ки ҳавопаймои Русия мавриди ҳадаф қарор гирифт, зеро онҳо аз омодагиҳо барои зарбаҳо дар Сурия хабар надоданд.