Марде дар Узбекистон духтари 12-соларо таҷовуз ва сипас қатл кард

Акси тасвирӣ

Сокини 29-солаи ноҳияи Узуни Узбекистон бо гумони таҷовуз ба номус ва қатли духтари 12-солаи ҳамсояаш боздошт шуд. Ноболиғ дар синфи 5-ум мехонд.

Яке аз фаъолони Узун гуфт, куштори бераҳмонаи ин духтар рӯзи 25 сентябр рух дод. Гумонбар духтарро нахуст таҷовуз карда, сипас барои пинҳон кардани нишонаҳои ҷиноят ӯро ба дор овехт. Манобеъ мегӯянд, падари духтар дар муҳоҷирати корӣ будаст.

"Он рӯз духтарчаи 12-сола дар хона танҳо будааст. Мард, ки дар хонаи ҳамсоягӣ ба ҳайси таъмиргар кор мекард, бо баҳонае ба манзили онҳо даромада, духтарро танҳо ёфтааст ва ӯро ба таҳхона дароварда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Сипас духтарро хафа карда, ба дор овехтааст ", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар ин бора марде хабар додааст, ки бо гумонбар якҷо кор мекард ва он рӯз барои пайдо кардани ҳамкораш ба хонаи духтарча рафт ва шоҳиди ҳодиса шуд.

Дар Шуъбаи пулиси Узун гуфтанд, ки гумонбар гуноҳро ба гардан гирифтааст ва ба далели халал ворид нашудан ба раванди тафтиш аз ифшои ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карданд.​

Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 29 сентябр гуфт, ки шахси гумонбар дар ҳолати мастӣ духтарчаи 12-соларо ба қатл расондааст.