Додситонҳои ИМА барои шаҳрванди Узбекистон ҳукми қатл хостанд

Сайфулло Соипов

Додситонҳои амрикоӣ аз додгоҳи ИМА барои шаҳрванди 30-солаи Узбекистон Сайфулло Соиповро, ки ба куштори ҳашт нафар дар маркази шаҳри Ню-Йорк айбдор мешавад, ҳукми эъдом талаб карданд

Ин дархост дар парвандаи Соипов зикр гаштааст, ки 28 сентябр ба додгоҳ фиристода шуд. Шаҳрванди Узбекистон ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 31-уми октябри соли 2017 мошини боркаши худро дар маркази Ню-Йорк ба рӯи раҳгузарон ронд ва 8 нафари онҳоро кушт.

Президенти ИМА Доналд Трамп пас аз ҳодиса хост, ба Соипов ҳукми қатл диҳанд. Вакилони дифои шаҳрванди Узбекистон аз додгоҳ хостанд, ки додситонҳоро аз ҳаққи талаби ҳукми қатл маҳрум кунад ва ҳамчунин гуфтанд, ки Трамп бо даъватҳои худ ба раванди тафтишот фишор меорад.

Дар хулосаи ҷониби айбдоркунанда омадааст, ки Соипов бо гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" робита дошт. Гуруҳ низ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифта буд.