Шавкат Мирзиёев ба боғпарварони тоҷик мошин ҳадя кард

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба раҳбарони ду хоҷагии деҳқонӣ дар шаҳри Турсунзода мошинҳои сабукрави Шевролет ҳадя кардааст.

Мошинҳоро, ки дар худи Узбекистон истеҳсол мекунанд, рӯзи 27-уми сентябр баъди тамошои ангурзорҳои серҳосили хоҷагиҳои деҳқонии "Боғи Сомон" ва “Ватан” ба мудирони ҳарду хоҷагӣ ҳадя карданд.

Ангурзорони ин ду шаҳрвандони узбектабори Тоҷикистон аз боғҳои машҳури Тоҷикистон ба шумор мераванд ва Эмомалӣ Раҳмон борҳо меҳмонони баландпояи хориҷиро ба тамошои он бурдааст.

Танҳо аз боғзорҳои “Боғи Сомон” дар соли 2017 бештар аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъ оварда ва дар дохилу хориҷи кишвар фурухтаанд.

Шавкат Мирзиёев барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ ба Тоҷикистон омад.