Ду хоҳаре, ки падари худро куштанд, эҳтимол аз боздошт раҳо мешаванд

Кристина Хачатурян, яке аз хоҳарон, ки ба куштор муттаҳам шуд

Кристина Хачатурян, яке аз хоҳарон, ки ба куштор муттаҳам шуд

Кумитаи тафтишоти Русия аз додгоҳи Басманнийи Маскав дархост кард, ҳабси хоҳарон Кристина ва Ангелина Хачатурянро, ки падари худро куштаанд, ба ҳукми "маҳдудияти амалҳои мушаххас" иваз кунад.

Тавре сухангӯи Додгоҳи Басманний Юнона Тсерева рӯзи 26-уми сентябр гуфт, тафтишот мехоҳад, ки "чораҳои нави маҳдудият" то 28-уми декабр идома кунад. Сухангӯ ҳамчунин гуфт, "маҳдудияти амалҳои мушаххас" назар ба ҳабси хонагӣ нармтар аст.

Дархости Кумитаи тафтишот рӯзи 27-уми сентябр баррасӣ мешавад.

Хоҳарон Кристина ва Ангелина Хачатурян аз аввали моҳи август бо ҷурми куштори Михаил Хачатурян - падари 57-солаи онҳо, дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Ҷасади соҳибкор Хачатурян бо чанд зарбаи корд дар долони хонаи онҳо дар шоҳроҳи Алтуфево ёфт шуд. Хоҳарон худашон ба полис занг зада, ба гуноҳашон иқрор шуданд. Кумитаи тафтишот ин ду нафарро ба "куштори гурӯҳӣ бо маслиҳати пешакӣ" муттаҳам кард. Ҳадди аксари ҷазои ин ҷиноят дар Русия ҳукми зиндони абад аст.

Ба гуфтаи хоҳарон, зӯроварӣ ва таҳқире, ки онҳо солҳо аз падар медиданд, ангезаи содир шудани ин ҷиноят будааст. Хешовандон, дӯстон ва ҳамсояҳо тасдиқ кардаанд, ки Михаил Хачатурян духтаронашро латту кӯб мекард ва рафтораш бо онҳо мисли хоҷа бо ғулом буд.

Охири моҳи август додситонӣ гуфт, дар парванда маълумоти ҷадид дар бораи зӯроварии ҷинсии Хачатурян ба духтаронаш илова шуд. Ба гуфтаи вакили хоҳарон Алексей Паршин, тафтишот ин маълумотро феълан ҳамчун "амали ғайриахлоқӣ" баррасӣ мекунад.