Дар шаҳри Алмато даҳҳо шаҳрванди Қазоқистон - онҳое, ки аз минтақаи худмухтори Шинҷони Чин ба ватани таърихии худ бозгаштаанд, мегӯянд, мақомоти Пекин хешовандони онҳоро дар "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ" нигаҳ медоранд.
Онҳо рӯзи чоршанбе дар назди бинои намояндагии СММ ҷамъ шуданд, то хитобаи дастамҷамъии худро ба раҳбарони кишварҳои абарқудрати ҷаҳон супороранд ва барои ҳалли мушкил дархости кумак кунанд. Масъулони намояндагии СММ ду вакили ин гурӯҳро пазируфт ва қавл низ ду вакили онҳоро пазируфтанд.
Сарони ин гуруҳ 26 сентябр бо баргузории нишасти хабарӣ дар як меҳмонсарои Алмато гуфтанд, ки хешовандонашон дар Чин таъқиб мешаванд. Онҳо аз ҳукумати Қазоқистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки ба қазия дахолат кунанд. Нишастии хабарии мазкур баъд аз он қатъ шуд, ки ду корманди додситонии ноҳияи Олмалин ба иштирокдорон "тартиби созмон додан ва баргузории ҷамъомадҳои осоишта"-ро фаҳмонда, ба онҳо огоҳии хаттӣ доданд.
Сокинони пешини Шинҷон ё Синстзян мегӯянд, тайи чанд ҳафтаи ахир бархе аз наздикони онҳо дар Чин бенишон шуда, эҳтимол аст, дар "маркази бозомӯзии сиёсӣ" нигаҳдорӣ мешаванд. Расонаҳо бори нахуст аз таъқиб ва боздошти қазоқҳо ва куллан мусулмонон дар Чин моҳи апрели соли 2017 хабар дода буданд.
Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳимов моҳи майи соли равон гуфт, дар пайи гуфтугӯҳо бо Чин, созиш ҳосил шуд, ки мақомоти ин кишвар қисме аз қазоқҳои боздоштшударо озод ва маҳдудияти хуруҷи 675 нафарро аз Чин бекор кунанд.