Мирзиёевро дар Тоҷикистон корвони уштурҳо пешвоз мегирад. ВИДЕО

Ду корвони пур аз бор – яке аз Самарқанду Бухоро дигаре аз Хатлону Ҳисор – ба шаҳрҳои якдигар мераванд. Ин тандисҳо ёдоварӣ аз замонест, ки уштур василаи асосии нақлия буд.

Насби муҷассамаи корвони уштурҳо дар шоҳроҳи Турсунзодаро мақомот рамзи дӯстии тоҷикону узбекҳо номиданд. Инҳоро ба истиқболи президенти Узбекистон, ки қарор аст рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ояд, дуруст кардаанд.

Абдуфаттоҳ Раҳмонов, раиси деҳаи «Ҷовидон» мегӯяд, “корвонҳои сохташуда анъанаи гузаштагони моро ифода мекунад. Пештар аз Хатлон ба Узбекистон бор бурда ва аз он тараф мол меоварданд. Ин анъанаҳои миллии тоҷикиро нишон медиҳад.»

Ду корвони иборат аз 12 шутурро ҳунармандон аз Ховалинг дар якуним моҳ сохтаанд. Мақомот мегӯянд, ин уштурҳо аллакай таваҷҷуҳи сайёҳонро ҳам, ки аз ин роҳ мегузаранд, ба худ ҷалб кардаанд.

Тоҷикистону Узбекистон, ки чанд сол муносибаташон бад буд, ҳоло ба тадриҷ ба марҳиллаи нав ворид мешаванд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба пешвози Мирзиёев дар Тоҷикистон корвони уштурҳо омода шуд