Саидмукаррам Абдуқодирзода – раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон – аз халифаҳои исмоилӣ дар Бадахшон даъват кардааст, ки "бар зидди ҷинояткорӣ садо баланд кунанд".
- Дар мақолае, ки рӯзи 26-уми сентябр дар вебсайти Кумитаи дини Тоҷикистон нашр шуд, Абдулқодирзода гуфтааст, "дар мазҳаби исмоилӣ низ чун мазҳаби ҳанафӣ бадиву бадкорӣ мазаммат карда мешавад."
Ҳеҷ маҷлис бе ҳузури рӯҳониён намегузарад. Мо ҳамеша мавзӯи ҷинояткориву қонуншиканиро дар суҳбат бо мардум матраҳ мекунем.
"Қобили зикр аст, ки то кунун миёни мазҳаби мо, яъне исмоилияву ҳанафӣ ягон мухолифат сар назадааст, чунки ҳар мазҳаб дар доираи қоидаҳои худ амал намуда, пайравӣ ба ину он мазҳаб аз ҷониби мардум ихтиёрист", - афзудааст ӯ.
Муроҷиати Саидмукаррам Абдулқодирзода ба рӯҳониён дар Бадахшон баъди он садо дод, ки ду ҳафта пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз вазъи ҷинояткорӣ дар ин вилоят изҳори нигаронӣ кард. Ӯ аз ҷумла бо муроҷиат ба пешвоёни динии мардуми Бадахшон гуфт, ҷинояткорӣ дар байни ҷавононро нодида нагиранд ва дар мубориза ба зидди он саҳм гузоранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ: "Чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед?" САДОАксари аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайравони мазҳаби исмоилия ҳастанд ва пешвоёни руҳонии онҳоро халифа меноманд.
Мирҷон Насриддиншоев, рӯҳонии деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим, рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо мардум суҳбатҳо карда, "ҳеҷ гоҳ ба иғвову тавтеаи гуруҳҳои алоҳида бовар надоранд". "Ҳеҷ маҷлис бе ҳузури рӯҳониён намегузарад. Мо ҳамеша мавзӯи ҷинояткориву қонуншиканиро дар суҳбат бо мардум матраҳ мекунем. Зеро вазифаи аслии мо ҳамин аст", - гуфт ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат, додгоҳ ва РКД-и Бадахшон. ВИДЕО, САДОНасриддиншоев дар вокуниш ба даъвати муфтии Тоҷикистон гуфт, "ҳеҷ кас намехоҳад дар ноооромӣ зиндагӣ кунад. Ҳамеша бо мақомоти ҳукумати ноҳия ҳамкорӣ дорем. Ҳарчанд дар ноҳияи Ишкошим сатҳи ҷинояткорӣ хеле паст аст ва ҳеҷ гоҳ ба ин масъала бепарво нестем."
Халифа Ҳасратшо, рӯҳонии дигар аз Хоруғ, гуфт, ҳоло вазъ дар Бадахшон ором аст, «вале танҳо бо талоши халифаҳо намешавад ҳамаи мушкилро ҳал кард». Ба қавли Халифа Ҳасратшо, “на ҳама кор аз талоши мо вобаста аст, бояд ҳама якҷо шуд”. “Сулҳ барои пайравони ҳама мазҳаб – чӣ ҳанафӣ ва чӣ исмоилӣ – муқаддас аст», - хулоса кард Халифа Ҳасратшо.
Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми сентябр дар мулоқот бо фаъолони Бадахшон аз вазъи тартибот дар шаҳри Хоруғ интиқод кард ва гуфт, айб аст, ки раиси КДАМ ва ВКД-ро барои ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт ба Хоруғ фиристанд. "Чаро чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед? Чаро волоияти қонунро таъмин намекунед?” - суол гузошт раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон дар назди сохторҳои вилояти Бадахшон шарт гузошт, ки агар ягон ҷиноят бе ҷазо монад, ягон нафари онҳо дар вазифааш кор нахоҳанд крад. Баъди ин, дар ҳукумати вилояти Бадахшону Хоруғ ва чанд ноҳияи вилоят тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Инчунин сардори идораи корҳои дохилӣ ва додраси Додгоҳи вилояти Бадахшон иваз шуданд.