Пентагон: Иттиҳоми Эрон алайҳи Амрико "шигифтовар" аст

Ҷеймс Мэттис

Вазири дифои Амрико Ҷеймс Мэттис изҳороти Эронро, ки гуфтааст ИМА дар ҳамлаи террористии ҷанубу ғарби ин кишвар даст дорад, "шигифтовар" номид. Мэттис бо ёдоварӣ аз тасаллияти маъмурияти Трамп ба Теҳрон, аз мақомоти Эрон даъват кард, "пеш аз ҳарфе гуфтан аввал андеша кунанд".

Мэттис дар шарҳи таҳдиди Эрон, ки гуфтааст аз Вашингтон интиқом меситонад, гуфт, умедвор аст дар доираҳои Эрон ақли солим боло бигирад.

Рӯзи 22-юми сентябр чаҳор ҳамлагар ба сӯи паради низомӣ дар Аҳвози Эрон оташ кушод. Масъулияти ин ҳамларо, ки дар он 25 нафар кушта шуд, ҷунбиши зиддиҳукуматии "Аҳвоз" ва гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт. Мақомоти Эрон дар ин ҳамла Исроил ва Амрикоро муттаҳам карда ва гуфтанд, ба онҳо "посухи харобиовар" хоҳанд дод.

Рӯзи сешанбе намояндаи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон Трампро "моҷароҷӯи хашин" номид ва Амрикоро ба эълони ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон муттаҳам кард. Манзур аз эълони ҷанг таҳримҳои зидди Эрон аст, ки Трамп баъди берун шудан аз созиши ҳастаӣ бо Теҳрон, моҳи майи имсол дубора ба роҳ монд.