“Гоми ман” – ташаккули сиёсии Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, дар интихоботи Шӯрои бузургони ин кишвар, ки рӯзи 23-юми сентябр баргузор шуд, беш аз 80 дар сади раъйро бо худ бурд.
Аксари шореҳони сиёсӣ пирӯзии тарафдорони Пашиянро ҳамчун аломати эътимоди мардум ба ӯ маънидод карданд. иштироки овоздиҳандаҳо дар интихобот 40 дар сад ҳисоб шудааст.
Дар шӯрои бузургони Арманистон ду ҳизб ворид мешавад, ки ҳарду ҳам аз ҳукумати феълӣ пуштибонӣ мекунад.
Ҳизби ҳокими пешин - Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихобот иштирок накард. Шаҳрдори собиқи пойтахти Арманистон Тарон Маргарян тобистони соли равон, баъди ба қудрат расидани Пашиян, аз мақомаш истеъфо дод.
Никол Пашиян ба дунболи тазоҳуроти оммавӣ дар порлумон нахуствазир интихоб шуд.