Попи Рум Франсис рӯзи 23-уми сентябр дар ҳаққи онҳое дуо кард, ки дар замони ишғоли шӯравӣ ва Олмони фашистӣ дар Литва ранҷ кашидаву ҳалок шудаанд.
Ӯ дар рӯзи дуввуми сафараш дар шаҳри Каунаси Литва, ёди яҳудиёнеро гиромӣ дошт, ки дар аҳди сесолаи фашистҳо дар урдӯгоҳҳои марг кушта шудаанд ва дар ҳаққи онҳое ниёиш кард, 50 соли пеш дар замони ишғоли шӯравӣ ранҷ кашидаанд.
Попи Рум дар ҳузури даҳҳо ҳазор нафар гуфт, ки “наслҳои пешин ҳанӯз ҳам доғи давраи ишғолро дар дил доранд, заҷру ранҷи депортатсияро аз ёд набурдаанд, дар фироқи онҳое ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ барнагаштаанд”.